Дамламаи помидорӣ
Зоҳир
Дамламаи помидорӣ навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Дар равғани тафсон гӯшти лӯнда-лӯнда резашудаю пиёзро бирёнда, намак, барги ғор, 1 қаламфур меандозанд ва аловро паст карда мемонанд. Ӯзаки помидорро бурида, дар рӯи гӯшт бутун-бутун мечинанд. Таомро дар алови паст 40 дақиқа мепазанд.
Барои дамламаи помидорӣ 2 кг гӯшт, 1 кг помидор, 300 г равған, 1 дона қаламфур, мувофиқи табъ намак, зиравор ва кабудӣ зарур аст.[1]
Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
- Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. – Душанбе, 1988
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Таббохӣ/ Дамламаи помидорӣ. 13 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |