Jump to content

Дилшоди Барно

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дилшоди Барно
Таърихи таваллуд: 1800(1800)
Зодгоҳ: Истаравшан, Аморати Бухоро
Таърихи даргузашт: 1907(1907)
Навъи фаъолият: шоир

Дилшоди Барно (форсӣ: دلشاد برنا‎; ?, Ӯротеппа — 1907, Хӯқанд) — шоир, рӯшанфикр ва таърихнигори тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо тахаллусҳои Дилшоди Барно, Барно, Дилшодотун ғазал, мухаммас, мусаддас, чистон ва хотираҳо эҷод кардааст. Бо забони ӯзбекӣ ҳам ашъор дорад. Улуми мутадовилаи даврро аз падараш Раҳимқул Суфии Истаравшанӣ, ки аз зиёиёни маъруф буд, омӯхтааст. Амир Умархон пас аз истилои Истравшан Дилшоди Барноро низ дар қатори асирон ба Хӯқанд бурд. Амирӣ, ки худ шоир буд, барои санҷидани маҳорати шоирии Дилшоди Барно аз вай дархост мекунад, ки дар васфи анор шеъре гӯяд. Дилшоди Барно бадоҳатан мегӯяд:

Дар ин дунгунбази афлок дидам,
Дарунаш пур ҳама ғамнок дидам.
Ба рӯшон аз ҳарире парда доранд,
Ба дил хун, дидаҳо намнок дидам.
Зи теғи золими ҳукми Умархон
Дили ҳар нозанинро чок дидам.

Умархон аз шунидани ин шеър ба хашм омада, фармон медиҳад, ки ӯро ба зиндон баранд. Маҳрами амир ба Дилшоди Барно тараҳҳум карда, ӯро мегурезонад ва ӯ дар хонаи Тошмахдум ном шахсе паноҳ бурда, баъдан ҳамсари ӯ мешавад. Дилшоди Барно то охири умр (51 сол) дар Хӯканд омӯзгорӣ карда, ба бештар аз 800 нафар духтар савод омӯхтааст. Теъдоде аз шоирони асри 19 — Хайруннисо, Баҳруннисо, Анбаротун ва Тӯтихон аз ҷумлаи шогирдони ӯянд. Аз Дилшоди Барно «Тазкираи Барно», «Мунтахабу-л-ашъор», рисолаи «Таърихи муҳоҷирон» ва ҳудуди 1200 мисраъ ашъори пароканда мерос мондааст. «Таърихи муҳоҷирон» оид ба воқеаҳои таърихӣ, сиёсию иқтисодӣ ва адабии нимаи аввали асри 19-и вилояти Истаравшан маълумот медиҳад. Дар ин асар қатлу ғорат ва зулми Умархон, интиқоли иҷбории ҳавзаи адабии Истаравшан (беш аз 50 нафар адиб) ба Хӯқанд, рӯзгори муҳоҷирони истаравшанӣ ва воқеаи аз тарафи Руссияи подшоҳӣ забт гардидани Осиёи Марказӣ инъикос ёфтааст. Дар «Таърихи муҳоҷирон» 51 шеъри тоҷикӣ ва 91 шеъри ӯзбекии Дилшоди Барно сабт ёфта, муаллиф ҳамчунин дар бораи 30 нафар адиби Истаравшану Хӯқанд, монанди Шаҳдии Истаравшанӣ, Олимхоҷа ва ҳамсари ӯ — шоира Сайидабону, шоираҳо Мастураой, Фазилатбону, Кароматой ва дигарон маълумот додааст. Дилшоди Барно дар ғазалиёташ муҳаббати поки инсониро васф карда, беадолатиҳои замонаро мазаммат намудааст. Ақидаҳои маърифатпарварии Дилшоди Барно барои омӯзиши таърихи адабиёти асри 19 хеле муҳимманд.

Намунае аз ашъори ӯ:

Замона каҷраву золим бувад шоҳи замон, ай воҳ,
Халоиқ аз уқубатхона меёбад амон, ай воҳ.
Ба мулки хештан аҳди замон бегонамонанданд,
Дар ин ҷо аҷнабии рахнагар дорад макон, ай воҳ.
Ба деҳқон не замин, не ҷуфти гову олати кор аст,
Зи мева маҳрум аст ҳар фаълаву ҳар боғбон, ай воҳ.
Ҷафоҷӯ аз муғул найрангкунон дар тахт оромад,
Ба монанди магас бар шарбату нон ҳукмрон, ай воҳ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]