Jump to content

Зикриё Махдуми Ӯротеппагӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зикриё Махдуми Ӯротеппагӣ

Зикриё Махдуми Ӯротеппагӣ (форсӣ: ذکریا مخدوم اوراتپگی‎; қарни XIX) — хаттоти форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз хатми мадраса дар Бухоро дар байни мардум ҳамчун донишманду хаттоти моҳир шуҳрат ёфта буд. Зикриё Махдуми Ӯротеппагӣ хатҳои райҳонӣ, насх, таълиқ, настаълиқро бисёр зебову дилчасп менавишт. Соли 1880 ӯ асари «Қиссаи Ҳусайнӣ»-и Ҳусайн Боқии Бухороиро бо хатти зебову хонои настаълиқ китобат кардааст. Ин асар аз 560 варақ иборат буда, ҳоло дар Ганҷинаи дастнависҳои Ин-ти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон (№ 2840) маҳфуз аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]