Jump to content

Имлои Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Имлои Бухороӣ
Таърихи таваллуд: 1686
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1749
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: илоҳиётшинос

Имлои Бухороӣ (форсӣ: املاء بخارایی‎; 1688, Сангорак, Балх — 1749, Бухоро) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мулло Муҳаммади Имло ибни Алоуддин ибни Азиз ибни Шайх Юсуфуддин ибни Ҳорунхоҷаи Араб маъруф ба Имлои Бухороӣ дар ҷавонӣ барои таҳсили илм ба Бухоро омада, дар ҳамин шаҳр зиндагию эҷод карда, бо нисбаи «Бухороӣ» шуҳрат ёфтааст. Даврони зиндагии Имлои Бухороӣ ба замони ҳукмронии сулолаи Аштархониён ё Ҷониён ва таъсиси ҳукумати хонадони Манғития рост меояд. Ашъори Имлои Бухороӣ аслан ҷанбаи тасаввуфӣ ва ирфонӣ дошта, дар сурудаҳояш афкори иҷтимоӣ, интиқод аз замон ва масъалаҳои дигар низ истисно нестанд. Тибқи таъкиди тазкиранависон Имлои Бухороӣ аслан ғазалро некӯ гуфтааст. Дар гуфтани рубоӣ низ мумтоз будааст:

Эй маҳви ҷамоли ту ҳама инсу малак,
Шарманда зи рухсори ту Хуршеди фалак.
Имло, ба ҷуз аз ишқ макун кори дигар,
Дил чун зари холис буваду ишқ маҳак.

Аз Имлои Бухороӣ девони мукаммале боқӣ мондааст, ки шомили ғазал, рубоӣ ва маснавӣ мебошад. То имрӯз дар китобхонаҳои кишварҳои гуногун, дар маҷмӯъ, 39 нусхаи девони Имлои Бухороӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 29 нусха дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи акад. А. Мирзоеви Маркази мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, китобхонаи ДМТ ва дар музейи ба номи А. А. Семёнов (Маскав) маҳфузанд. Ин дастнависҳо аз лиҳози ҳаҷм ва намунаҳои жанрӣ яксон набуда, аз 1600 то 5000 байтро дар бар мегиранд. Намунаҳои ашъори Имлои Бухороӣ дар маҷмӯаҳои «Гулшани адаб», «Шоирони Мовароуннаҳр», «Суханварони Балх» дарҷ шудаанд. Соли 2015 мунтахаби ашъори Имлои Бухороӣ, соли 2017 «Рӯзгор ва осори Имлои Бухороӣ» ва соли 2015 «Девон»-и ӯ бо хатти форсӣ дар ҶИЭ ба табъ расид, ки он соли 2018 дар Тоҷикистон ба хатти кириллӣ бознашр шуд. Намунае аз ғазалҳои Имлои Бухороӣ:

Дар ҷавонӣ пухта гардон фикри кори хешро,
Бо хазон яксон макун вақти баҳори хешро.
Чашми худ бикшо ба рӯйи гул ба ҳангоми баҳор,
Қиблаи худ соз рухсори нигори хешро.
Қатра то дар қаъри дарё рафт, шуд олигуҳар,
Дар фурӯдастӣ талаб кун эътибори хешро.
Худпарастӣ дар тариқ аз бутпарастӣ бадтар аст,
Маҳв кун дар ихтиёраш ихтиёри хешро....
Тоати беишқ кардан кори бекорон бувад,
Сарфи дарси ишқ гардон рӯзгори хешро.
Эй парипайкар, зи Имло то ба кай пӯшӣ назар,
Ёд овар гоҳ-гоҳе хоксорий хешро.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]