Jump to content

Исмоили Сиёҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Исмоили Сиёҳ
Таърихи таваллуд: 1857
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Ҳоҷӣ Муҳаммад Исмоили Сиёҳ (форсӣ: اسماعیل سیاه‎; 1862, Ҳирот — 1946, ҳамон ҷо) — базлагӯ, сиёсатмадор, мубориз ва яке аз шоирони тоҷики Афғонистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ниёконаш аҳли фазл буданд. Дониши ибтидоиро назди падар ва амакҳояш гирифт. Сипас, назди донишмандони ҳиротӣ илмҳои фиқҳ, тафсир, сарфу наҳви арабӣ, мантиқ ва ғ-ро омӯхт. Нахуст ба хидмати давлат даромад ва замоне низ ҳокими Ғурот (Ғури имрӯза) буд, аммо бо навиштаҳои тунду тези интиқодӣ ба таври ошкоро маъмурони давлат ва сиёсати ҳукуматро танқид мекард, аз ин рӯ аз вазифаҳои расмӣ истеъфо дод. Исмоили Сиёҳ дар пардаи ҳаҷв ҳақиқати иҷтимоии замонашро бозтоб менамуд ва ҳамчун Убайди Зоконӣ каҷравии бузургони ҷомеаро нақд мекард. Ин интиқодҳо бештар ба давраи фармонравоии Амонуллоҳхон, ки шоир ба ислоҳоти ӯ мувофиқат надошт, рост омадаанд. Дар ҳамин айём ӯ лақаби «шоири озод»-ро дарёфт. Исмоили Сиёҳ се бор ба сафари ҳаҷ рафт. Дар сурудани ғазал, қасида, маснавӣ ва рубоӣ маҳорат дошт. Дар шеър истилоҳоти илму фанҳои ҷадидро истифода мебурд. Исмоили Сиёҳ «Соқинома» ва маснавие бо номи «Сагу шағол» (627 байт) суруда, дар он аз сиёсати ҳокимони Афғонистон дар баробари Руссияи подшоҳӣ интиқод кардааст. Маҷмӯаи осори Исмоили Сиёҳ нишондиҳандаи рисолати иҷтимоии ӯст. Мухолифат ва мубориза бо истеъмор, истибдод, ғорат, диннамоӣ, тазвир, фаҳшо, хурофот, қонуншиканӣ ва ноамнӣ аз муҳиммтарин вижагиҳои тафаккури адабии Исмоили Сиёҳ буданд, ки дар осори ӯ таҷассум ёфтаанд. Диндорони ифротӣ ӯро воҷиби қатл эълом доштанд. Осори Исмоили Сиёҳро дӯсташ Муллоабдуллоҳи Зиндаҷонӣ ҷамъоварӣ карда, маҳфуз дошт. Осори ҳифзшударо соли 1929 (дар замони Ҳабибуллоҳи Калаконӣ) дар Ҳирот ба чоп расонид, ки 2999 байтро дарбар мегирифт ва аз қасида, ғазал, рубоӣ ва маснавӣ иборат буд.

Намунае аз ашъори Исмоили Сиёҳ:

Мехостам, ки миллати мо муҳтарам шавад,
Дар рӯйи рӯзгор ба санъат алам шавад.
Ҳар фарде аз милал бирасад бар ҳуқуқи худ,
Яъне ки ришва бартарафу зулм кам шавад.
Аркони давлат аз сари шафқат ба иттифоқ
Кӯшиш чунон кунанд, ки қатъи ситам шавад.
Адлийя бар вазифа тафаххур кунад мудом,
Амнийя ҳусни хидмати худро алам шавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]