Jump to content

Мир Иноят

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мир Иноят

Иноят (форсӣ: عنایت‎), Мир Иноят (нимаи аввали қарни XIX) — хаттот ва мударриси форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Тошканд. Барои такмили дониш ба Бухоро рафта, назди Бобобеки Иштибар санъати хаттотиро омӯхтааст. Дар навиштани хатти настаълиқ шуҳрат дошт. Асари «Фавоиду-з-зиёия»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ беҳтарин намунаи китобатҳои ӯст. Баъди ба Тошканд баргаштан баробари мударрисӣ (аз сарфу наҳви арабиву форсӣ дар мадрасаи Кӯкалтош дарс мегуфт) китобат ҳам мекард.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]