Jump to content

Рош

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рош
Бешаи олаш
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Fagus L., 1753
Мутародифот
Номенклатурный тип
Виды

Рош[2], олаш, бук (лот. Fágus) — сардае аз рошиёни хазондор бо гулҳои такҷинсӣ ва гулозини думгурбаӣ.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Баландиаш то 50 метр, диаметри танааш 2 метр. Баргаш сода, одатан бедандона аст. Баробари баргбарорӣ гул мекунад. Аз 20—40-солагӣ мева медиҳад. Мевааш ҷал0ӯзамонанд (финдиқ) аст, пӯчоқи сахт дорад.

Олаш дарахти соя ва гармипарвар аст. Дар кӯҳсор то баландии 2300 метр аз соҳили баҳр мерӯяд. Олаш бешазори якҷинса ва омехтаро ҳосил мекунад, ки бештар аз 400 сол вуҷуд дошта ме­тавонанд.

Корбурд[вироиш | вироиши манбаъ]

Чӯби олаш мустаҳкам, вазнин буда, ба обу нами тобовар аст ва онро ба­рои тайёр кардани асбобҳои мусиқӣ, фанер, паркет, мебел, метанол ва ғайра истифода мебаранд. Мевааш алкалоиди заҳрноки фагин дорад; хангоми бирён кардани мева алкалоиди заҳрнок зуд вайрон мешавад. Аз меваи олаш равғани хӯрокӣ ва техникӣ мегиранд. Кунҷорааш хӯроки серғизои чорвост.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Маълумот дар бораи ҷинси Fagus дар пойгоҳи маълумотҳои Index Nominum Genericorum Ассотсиатсияи байналмилалии табақабандии растаниҳо (IAPT).(англ.)
  2. Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ. Рош чист? Маънии рош(тоҷ.). vazhaju.tj. Вожаҷӯ. 7 феврали 2024 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Деревья и кустарники СССР, том 2. Москва—Ленинград, 1961.