Салоҳуддин Амонӣ
Салоҳуддин Амонов | |
![]() | |
Таърихи таваллуд | 2 июн 1956 (68 сол) |
Зодгоҳ | Элок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар |
![]() |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (аз соли 2006) |
Алма-матер | Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1978) |
Салоҳуддин Амонӣ (Салоҳуддин Амонов; тав. 2 июни 1956, Элок, ноҳияи Файзобод) — омӯзгор, хушнавис.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Салоҳуддин Амонов 2 июни соли 1956 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики УДТ (1978).
Фаъолияти меҳнатӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
![](http://chped.net/https/upload.wikimedia.org/wikipedia/tg/thumb/4/4e/%D0%A5%D1%83%D1%88%D0%BD%D0%B0%D0%B2%D0%B8%D1%81%D3%A3_%28%D0%BA%D0%BE%D1%80%D0%B8_%D0%A1%D0%B0%D0%BB%D0%BE%D2%B3%D1%83%D0%B4%D0%B4%D0%B8%D0%BD_%D0%90%D0%BC%D0%BE%D0%BD%D3%A3%29.jpg/275px-%D0%A5%D1%83%D1%88%D0%BD%D0%B0%D0%B2%D0%B8%D1%81%D3%A3_%28%D0%BA%D0%BE%D1%80%D0%B8_%D0%A1%D0%B0%D0%BB%D0%BE%D2%B3%D1%83%D0%B4%D0%B4%D0%B8%D0%BD_%D0%90%D0%BC%D0%BE%D0%BD%D3%A3%29.jpg)
Солҳои 1978—1980 — ходими илмии Осорхонаи ИТИИПТ, 1980—1992 — ходими илмии шуъбаи методикаи таълими забон ва адабиёти ПИП, 1992—1993 — муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти ИМТИБКМ, 1993—2001 — сармутахассис ва муовини раиси Анҷумани робита бо тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», 2001—2006 — хушнавис-таҳқиқгари Бунёди байналмилалии «Айнӣ», 2006—2010 — котиби илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф.
Аз соли 2012 мудири шуъбаи рушди мактаб (синфҳо)-и камкомплекти Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. Ба ҳайси хушнавис чанд китобро хаттотӣ кардааст.
Телевизион[вироиш | вироиши манбаъ]
Салоҳуддин Амонӣ солҳои 2007—2010 дар ТВ Баҳористон дар барномаи «Бӯстони алифбо» хатти ниёгонро таълим медод. Дар мудати кӯтоҳ ӯ дар миёни хурду бузурги ҷомеаи тоҷик маҳбубияти хосеро касб кард. Аксарият барояш тахаллуси «телеустод»-ро гузоштаанд[1].
Осор[вироиш | вироиши манбаъ]
- Китобҳо
- «Хрестоматияи адабиёт» барои синфи 8. Д., 1990.
- Машқи хат 1. Д., 1991.
- Машқи хат 2. Д., 1991.
- Китоби қироат 1. Д., 1991 (ҳаммуаллиф).
- Китоби қироат 2. Д., 1991 (ҳаммуаллиф).
- Алифбо. Теҳрон, 1991 (ҳаммуаллиф).
- Алифбои ниёгон. Китоби дарсӣ барои коллеҷҳои педагогӣ. Д., 2010 (ҳаммуаллиф).
- Алифбои ниёгон (бо шариктаълиф), Д., 2010.
- Ҷузваҳо
- «„Шоҳнома“ — ҷилвагоҳи сухан». Д., 2012.
- Ёдҳо дар ёдҳо. Китоби хотирот бахшида ба «80-солагии Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон». Д., 2013.
- «Шукуфаҳои „Дили бемор“». Д., 2015.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Беҳтарин устоди телевизионӣ(тоҷ.). Рӯзномаи Миллат. www.millat.tj (3 октябри 2009). 28 ноябри 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- Саҳифаи расмии Салоҳуддин Амонӣ дар шабакаи иҷтимоии Facebook
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Донишномаи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф (ДПРМ). — Душанбе: «ПРМ АТТ», 2013.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |