Jump to content

Суғуртакунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Суғуртакунӣ – ин аз хавфҳо ҳимоя намудани суғурташаванда, ки онро суғуртакунанда ба извази подош анҷом медиҳад. Суғуртакунӣ муттаҳид намудани маблағҳои аз шахсони зиёди суғурташударо дар бар мегирад, ки он барои рӯйпӯш кардан зарарҳое, ки баъзеи онҳо метавонанд бинанд, истифода мешаванд.

Хавфи суғуртавӣ бояд ба хусусиятҳои муайян мувофиқат кунад Масалан, зарари аз садамаҳои ҳаставӣ ва радиатсионӣ расдашуда аксар вақт ба суғуртакунӣ дохил кард намешавад.[1]

Намудҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дилхоҳ хавфро, ки метавонад ба таври миқдорӣ муайян карда шавад, эҳтимолан суғурта кардан мумкин. Дар шартномаи суғурта кадом хавфҳо бо полис рӯйпӯш карда мешаванд ва кадоме аз онҳо рӯйпӯш намешаванд, ба таври муфассал дарҷ мегардад.

Ҳамзамон, як шартномаи суғурта метавонад хавфро дар як категория ва ҳамчунин дар якчанд категорияҳо рӯйпӯш карда метавонад. Масалан, суғуртакунии воситаи нақлиётӣ одатан ҳам хавфи молумулкӣ (дуздида шудан ё осеб дидани воситаи нақлиётӣ) ва ҳам хавфи масъулияти судиро (ҳодисаи нохуш) рӯйпӯш мекунад.[2]

Суғуртакунии тиҷорат низ шаклҳои гуногунро ба худ гирифта метавонад.[3] Шартномаи суғуртаи маъмулии соҳибкор суғуртаи молу мулк ва масъулият, инчунин суғуртаи қатъшавии тиҷоратро дар бар мегирад. Суғуртакунӣ инчунин нисбати аҳдҳои мушаххас татбиқ карда мешавад, ки онро суғуртаи масъулият оид ба муомилот меноманд.[4]

Намудҳои бештар маъмулбудаи суғурта инҳоянд[5]:

  • Суғуртаи автомобил. Суғуртакунии воситаҳои нақлиёт суғурташавандаро дар ҳолати рӯй додани ҳодисаи нохуши бо нақлиёти ба ӯ тааллуқдошта, аз зарари молиявӣ муҳофизат мекунад.
  • Суғуртаи тиббӣ. Полиси суғуртаи тиббӣ хароҷот барои табобатро рӯйпӯш менамояд.
  • Суғуртаи даромад. Полисҳои суғуртакунӣ барои эҳтимоли корношоямӣ, дар сурати бинобар маъюбӣ ё осеби ҷисмонӣ корношоям гардидани суғурташуда, дастгирии молиявиро таъмин менамоя
  • Суғуртакунии ҳаёт.
  • Суғуртакунии нафақа.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Nuclear Hazards Clause. investopedia.com. 4 феврали 2022 санҷида шуд.
  2. Definitions and Types of Insurance. github.io. 4 феврали 2022 санҷида шуд.
  3. Get business insurance. sba.gov. 4 феврали 2022 санҷида шуд.
  4. What Is Rep And Warranty Insurance. deshretcapital.com. 4 феврали 2022 санҷида шуд.
  5. The Seven Types Of Insurance Every Person Needs. forbes.com. 4 феврали 2022 санҷида шуд.