Jump to content

Устод Муҳаммади Нойӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Устод Муҳаммади Нойӣ

Устод Муҳаммади Нойӣ (1520, Хуросон — 1610, Ҳинд) — мусиқидон, оҳангсоз, навозанда, хонанда ва шоири форс-тоҷик, намояндаи номвари ҳавзаи иҷроии Ҳинд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мусиқӣ, шеърро аз падараш омӯхт ва дар мутрибӣ (ной) соҳибҳунари замон буд. Дар шаклу анвои шеърию мусиқии «савт», «амал», «нақш», «қавл», «рехта» таснифоти рангин сохта, барои фарзанди Акбар (1556—1605) Шоҳсалим оҳангу таронаҳои зиёд эҷод намуда ва дар дарбор мартабаю эътибори баланд доштааст. Барои таснифҳояш Устод Муҳаммади Нойӣ аз Акбар тӯҳфаҳои гаронбаҳо мегирад. Шеърро некӯ (ғазал, рубоӣ, маснавӣ) мегуфтааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. —ISBN 978-99947-49-13-3.