Jump to content

Хоҷа Наврӯзи Танбӯрӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хоҷа Наврӯзи Танбӯрӣ
Таърихи таваллуд 1540
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1610
Пеша(ҳо) навозанда, шоир

Хоҷа Наврӯзи Танбӯрӣ (1540, Бухоро — 1610, Бухоро) — навозанда, мусанниф ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз асилзодагон, фарҳангиёни Бухоро буда, падараш шоирпешаю ҳунарманду донишманд буд ва асосҳои илму ҳунари замонаашро аз ӯ омӯхт. Ба сознавозӣ, овозхонӣ аз овони ҷавонӣ пардохта, дар созҳои танбӯру қонун, сато бештар маълуму машҳур буд. Дар сози танбӯр тағйироте ворид намуда, дар ин замина асарҳои созию овозӣ дар ҳамовоии ин соз тасниф кардааст. Муддати зиёд назди Устод Султонмуҳаммади Танбӯрӣ дарси маҳорат, таснифофарӣ андӯхта, ба ифтихори ӯ «Куллиёти танбӯр» (ба зарбу навои «Ҳусайнӣ», усули «Барафшон», матнашро худаш тадвин карда) таълиф намуд. Хоҷа Наврӯзи Танбӯрӣ дар шаклу анвои шеърию мусиқии «амал», «пешрав», «навбат», «савт», «куллиёт», «қавл» ба ашъори Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Кавкабии Бухороӣ, Мушфиқӣ ва диг. эҷод карда, аз ҷумла «Пешрав Танбӯрӣ», «Амали ду гул» (ба мақоми «Ироқ»), «Савти паричеҳр» (ба мақоми «Исфаҳон»), «Нақши чашмони олу» (ба мақоми «Ушшоқ») ва «Куллиёт» (ба мақоми «Рост», назираи мусиқӣ ба «Куллиёти Кавкабӣ») ва ғайра дар ҳавзаҳои Бухорою Самарқанд, Марв назди аҳли созу овоз мақбулу писандида будааст.

Хоҷа Наврӯз табъи хуби шоирӣ дошта, ғазалу соқиномаро некӯ мегуфтааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. —ISBN 978-99947-49-13-3.