Jump to content

Ғозибеки Тархон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғозибеки Тархон
Таърихи таваллуд: 1588
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 13 апрел 1612(1612-04-13)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир

Ғозибеки Тархон (форсӣ: غازیبیک ترخان‎; 1588, Татта[d], Синд13 апрел 1612, Қандаҳор, вилояти Қандаҳор) — шоири форсизабони Ҳиндустон ва аз ҳокимони дарбори Темуриёни Ҳинд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Падараш − Мирзо Ҷонибеки Тар­хон яке аз наздикони Ҷалолуддин Муҳаммади Акбар (1556−­1605) ва ҳукмрони Синд буд. Пас аз фавти падараш (1599) бо фармони Акбар зимоми қудратро дар Синд ба зимма гирифт. Дар фурсати кӯтоҳ, бо вуҷуди ҷавон буданаш, шӯ­ришу туғёни мухолифони дохилии Синдро фурӯ нишонд ва онҳоро маҷбур намуд, ки ба ҳукумати мар­казӣ, ба Акбар итоат намоянд. Ӯ муддате дар Агра дар хид­мати Акбар буд. Пас аз фавти Акбар ба Тата (Синд) баргашт ва дар аҳди Ҷаҳонгир-подшоҳ (1605−27) илова бар Тата (Синд) ҳуку­мати вилоятҳои Мултон ва Қан­да­ҳор низ ба уҳдаи ӯ вогузошта шуд. Дар синни 25-сола­гӣ дар Қандаҳор вафот кар­дааст (1612). Мувофиқи маълумоти тазкираи «Мақо­ло­ту-ш-шуаро» Баҳоихон валади Хус­равхон ба дасти ғу­ло­маш − Абдуллатиф ба қавле хафа шудааст ва ба ривояти дигар ӯро заҳр дода куштаанд. Ғозибеки Тархон дар шоирӣ низ маҳорати баланд дошт ва Ви­қорӣ тахаллус мекард. Аз ӯ девоне иборат аз панҷ ҳазор байт то замони мо расидааст. «Соқи­но­ма»-и ӯ, дар васфи соқӣ, шиша ва шароб маш­ҳур аст. Дар тазкираи «Майхона» 88 байт аз он намуна оварда шудааст. Нусхаи қала­мии «Куллиёт»-и ӯ дар Китобхонаи Ромпур маҳфуз аст, ки нокомил буда, маснавии «Соқи­но­ма» ва ғазалиёти ӯро фарогир аст. Илми риёзӣ ва ну­ҷум­ро хуб медонист. Му­си­қидон буд. Дафу дойра ва тан­бӯр­ро хуб менавохтааст. Муаллифи тазкираи «Мақолоту-ш-шуаро» Қонеи Татавӣ «дар нағма шинохтан ва танбӯра навохтан беназир» будани ӯро таъкид намуда, рубоии Мулло Муршидро, ки дар васфаш гуфтааст, санад овардааст:

Гар нағмаи созат ба сукун меояд,
Рамзест, бигӯямат, ки чун меояд.
Азбаски ба гирди захмаат мегардад,
Печида зи танбӯр бурун меояд.

Ба ташвиқу ҳимояти аҳли илму адаб ва ҳунар ҳиммат гумошта, иддаи зиёде аз ҳунармандону донишмандон ва суханварони забардасти замонро гирди худ ҷамъ намуд. Толиби Омулӣ пеш аз ба хидмати Ҷаҳонгир-подшоҳ расида, унвони «маликушшуароӣ» дарёфтанаш дар Қан­да­ҳор зери ҳимояту таваҷҷуҳи хосси ӯ қарор ёфта буд. Мул­ло Муршиди Буруҷирдӣ, Мулло Аҳсани Гелонӣ, Имо­­дуд­дин Маҳмуди Асадободӣ, Мир Неъматуллоҳи Вас­лии Ше­розӣ, Фағфури Гелонӣ, Шайдои Исфаҳонӣ, Маҳ­вии Арда­билӣ, Сурурии Яздӣ, Мулло Асади Қисса­хон ва ғ. муддате дар хидмати ӯ будаанд. Намунае аз ашъори Ғозибеки Тархон:

Оби ҳайвон чашмаи нӯши шумо,
Дурри хубӣ дар буногӯши шумо.
Ояти хубӣ магар нозил шуда
Дар баёни лаъли хомӯши шумо.

Аз «Соқинома»-и ӯст:

Ба боғ ар фитад акс аз рӯи ёр,
Шавад нӯки ҳар хор рашки баҳор.
В-агар бар фалак чеҳра тобон кунад,
Хур аз шарми ӯ чеҳра пинҳон кунад.
Ба об ар бишӯяд ду зулфи сиёҳ,
Ба таъсир сунбул шавад ҳар гиёҳ.
В-агар сӯи майхона тозон шавад,
Май аз чодари шиша урён шавад.
Аз он май, ки ҷон аксе аз нури ӯст,
Адиби хирад пок дастури ӯст.
Мае к-ӯ чу дар ҷом гардон шавад,
Чароғи дили майпарастон шавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]