Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳема Малинӣ (англ. Hema Malini, там. ஹேமமாலினி, ҳиндӣ: हेमा मालिनी; тав. 16 октябр 1948) — ҳунарпеша, рақоса, продюсер, коргардон ва сиёсатмадори ҳинд. Дар Тоҷикистон зиёдтар ӯро аз рӯи иҷрои нақши асосӣ дар филми "Зита ва Гита" мешиносанд. Ҳема дар зиёда аз 150 филм нақш офаридааст. Ӯ дорандаи ҷоизаи "Filmfare Awards" барои беҳтарин нақши занона ва мукофоти давлатии Падма Шрӣ барои саҳм дар синамои Ҳиндустон мебошад.
Ҳема Малинӣ бо актёр Дҳармендра издивоҷ кардааст. Онҳо ду духтар доранд - Эша ва Оҳана. Эша ба модараш пайравӣ карда, ҳунарпешаи синамо шуд. Илова бар ин, духтарони Ҳема мисли модарашон рақсро дар сабки Бҳарататям омӯхтанд ва дар барномаҳои рақсии муштарак бо ӯ ва алоҳида ҳунарнамоӣ мекунанд. Писарони Дҳармендра аз издивоҷи аввалаш Саннӣ Деол ва Боббӣ Деол низ ҳунарпешаи синамо ҳастанд.
Ҳема Малинӣ вайшнавизмро эътироф мекунад ва пайрави Ҷамъияти байналмилалии шуури Кришна мебошад.
| |
---|
Вебгоҳҳои мавзӯъӣ | |
---|
Фарҳангҳо ва донишномаҳо | |
---|
Дар феҳристҳои китобшинохтӣ |
---|
|
|